ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳабиб Нурмагомедов дар Узбакистон низ бисёр маъруф аст ва ҳаводорони зиёд дорад. Размикори доғистониро издиҳоми бузурги мухлисон назди фурудгоҳи шаҳри Тошканд пешвоз гирифтанд.
Вақте қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта аз бинои фурудгоҳи шаҳри Тошканд берун омад, ӯро бо садои карнаю сурнай, парчамҳои ин кишвар ва садҳои дастгоҳҳои наврбардорӣ истиқбл гирифтанд.
Чунин шеваи пешвозгирӣ Ҳабибро то андозае ҳайратзада намуд. Муҳофизон ва ҳамроҳони Ҳабиб ӯро аз миёни мухлисони гирдомада, базӯр то мошин гусел карданд
Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Тошканд рӯзи 23 - юми ноябр дар маҷмааи варзишии "Хумо Арена" нахустин мусобиқаи расмӣ оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор мешавад.
Нурмуҳаммадов қаҳрамонҳои ояндаи UFC - ро номбар кард
Муҳорибаи асосӣ дар ин мусобиқа, рақобати писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, Умар ва Никита Чистяков размикори рус ба ҳисоб меравад.
Аммо чанде қабл сомонаи РИА Новости иттлоъ дода буд, ки ба далели мариз шудани Никита Чистяков муҳорибаи ӯ бо Умар Нурмуҳаммедов лағв мешавад.