Муҳорибаи Умар Нурмуҳаммедов дар Тошканд лағв шуд

Санаи 23 - юми ноябр мебоист дар маҷмааи варзишии "Хумо Арена" нахустин мусобиқаи расмӣ оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Муҳорибаи писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар Тошканд лағв шудаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Писарамаки Нурмуҳаммадов гуфт, кӣ ба Ҳабиб забони тоҷикиро ёд дод

Иллати лағви муҳорибаи Умар ба мариз шудани рақиби ӯ Никита Чистяков рабт дода мешавад.

"Никита Чистяков бо сабаби бад будани вазъи саломатиаш наметавонад дар муҳориба бо Умар Нурмуҳаммедов иштирок кунад. Никита ба мисли дигар варзишгароне, ки дар Тайланд тамрин мекарданд, ба  эпидемияи конъюнктивит гирифтор шудаст", - тавзеҳ додааст, сармурабии Никита Александр Скаредин.

Мирзаевро кӣ зад: бародари Ҳабиб мегӯяд оилаи онҳо дар латукӯби варзишгар даст надоранд

Ёдовар мешавем, ки санаи 23 - юми ноябр дар маҷмааи варзишии "Хумо Арена" бояд нахустин мусобиқаи расмӣ оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор мешуд.

Муҳорибаи асосӣ дар ин мусобиқа, рақобати писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, Умар ва Никита Чистяков ба ҳисоб мерафт.