ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши тундрави “Толибон” (манмнӯъ дар Русия) ба вилояти Қундуз, ки наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, ҳамла карданд, иттилоъ додааст шабакаи телевизионии Tolo News дар истинод ба манбаи худ.
Тибқи иттилои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шаби 20 ноябри соли равон як гурӯҳи “Толибон” ба пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Эмом Соҳиб дар вилояти Қундуз ҳамла кардааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар натиҷаи задухӯрд 13 нафар низомиёни Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Аммо Вазорати дифои ин кишвар танҳо марги як сарбозро тайид кард.
Толибон дар баёнияи худ таъкид кардаанд, ки ҷангҷӯён 14 сарбоз, аз ҷумла қумандони пойгоҳро низ кушта, 9 сарбози дигарро захмӣ карданд.
Дар Афғонистон чанд сол аст, ки мухолифат миёни ҷунбиши Толибон ва ҳукумат ин кишвар идома дорад. Пештар ҷангҷӯён чандин минтақаҳои камаҳолии Афғонистонро тасарруф намуда, ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои бузурги ин кишвар оғоз намуданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористон ба минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон зиёд шудааст. Дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир нуфузи “ДОИШ” (мамнӯъ дар қаламрави Русия)низ пурзур шудааст.
Нируҳои амниятии Афғонистон дар тамоми қаламрави кишвар амалиётҳои махсус бар зидди терроризм анҷом медиҳанд. Аз ҷумла зимни як амалиёте, ки 13 ноябри соли равон анҷом ёфт беш аз 300 ДОИШ-и, ки миёни онҳо зану кӯдакон низ буданд, ба ҳукумати Афғонистон таслим шуданд.