"Ёрон ёрон зи ҳам ҷудоӣ накунед": охирон насиҳати Лоиқ Шералӣ қабл аз марг - навор

Саид Ризо як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навореро дар YouTube ҷой додаст, ки шодравон Лоиқ Шералӣ дар онҷо баромад намудаст. Ба изҳори ин корбар, навори мазкур охирон навори устод буда, бо гузашти ҳамагӣ 13 рӯз ҷаҳони фониро падруд гуфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи корбари шабакаи иҷтимоӣ, ин навор рӯзи 17 - уми июни соли 2000 сабт гардидаст ва шодравон Лоиқ Шералӣ дар 50 - умин солрӯзи шоир Султонмурод Одина иштирок ва баромад намудаст.

Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба ҳангоми муборакбодӣ намудани Султонмуроди Одина, насиҳатомез гуфтааст, ки "Ёрон ёрон, зи ҳам ҷудоӣ накунед"...

Эмомалӣ Раҳмон: мисли Лоиқ Шералӣ одамонро дар дунё кам дидаам

Ба эҳтимоли зиёд ин охирон суханони насиҳатомези устод Лоиқ Шералӣ дар ҷамъӣ ом мебошанд.

Зеро шоир пас баромадан аз ин базмгоҳ, мариз шуд, бо гузашти ҳамагӣ 13 рӯз аз олам чашм пӯшид.

“Лоиқ намеояд дигар” : Таҷлили зодрӯзи Лоиқ Шералӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Дар навор, устод Лоиқ Шералӣ пас аз анҷоми суханронии худ бо овози баланд "Ман рафтам" гуфтанд, бехабар аз он ки, пас аз рӯзҳои башумор олами фониро абадан тарк мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 20 - уми май зодрузи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ баргузор мешавад.

Чун анъана 20-уми май ҳаводорони шоир, пайвандон, шогирдон ва аҳли адаби тоҷик дар оромгоҳи Лоиқ Шералӣ ҷамъ омада,  хотири вайро пос медоранд.