ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ноболиғи 6 - соларо дар саҳни мактаб - интернати ноҳияи Рӯшонро, ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ - 53" пахш намудаст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Давлатмамадов Довут, сокини 42 - сола, ноҳияи Рӯшон ҳангоми тоза кардани саҳни мактаб, кӯдаки 6 - соларо бо мошинаш зер кардаст.
Чор куштаю се маҷруҳи вазнин дар Хатлон: на ҳамаи қурбониҳо шинохта шудаанд
Ҳодисаи нохуш рӯзи 18 - уми ноябри соли равон, тахминан соати 18:30 дақиқа рух додаст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "ГАЗ-53", Давлатмамадов Довут, ронандаи идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон, ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернати ноҳияи Рушон, хурдсол Миравазбеков Далери 6 - сола, ки ба бозӣ машғул буд, пахш намудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, ноболиғ ҷароҳати вазмини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.