Русия киштиҳои Украинаро, ки дар гулугоҳи Керч дастгир шуда буданд баргардонд

Баргардонидани киштиҳои ҳарбии Украина, ки як сол пеш дар Қрим дастгир шуда буданд шаҳодат аз кӯшиши ба даст овардани сулҳ аст
Sputnik

Киштиҳое, ки дар соли 2018 дар гулугоҳи Керч дастгир шуда буданд, ба Украина баргардонида шуданд. Инҳо киштиҳои зиреҳпӯши "Бердянск", "Никопол" ва  “буксири” "Яни Капу" буданд . 

Онҳоро аз бандари Керчи Қрим ба мавзеъи “бетарафи обӣ” бурданд  . Киштиҳои низомии Украина 25 ноябри соли 2018 ҳангоми гузаштан аз баҳри Сиёҳ ба баҳри Азов барои гузаштан ба марзи Русия дастгир шуданд.

Он вақт ҷониби Русия 24 нафарро аз дохили киштиҳо дастгир намуда силоҳҳояшонро гирифта буд. Тобистон мақомоти Русия ба Украина пешниҳод карда буд, ки ба шарти иштирок дар суди шаҳрвандонаш метавонад онҳоро баргардонад.

Он вақт Русия дарёнавардонро ба Украина гардонда буд, акнун навбати киштиҳо расид.   

 “Баргардонидани киштиҳои ҳарбии Украина ин салоҳияти комили Русия аст ва бо мақсадиҳо нек пешбинӣ шудааст. Ин ҳама кушишҳои Русия баҳри тоза кардани роҳ ба сӯи гуфтушунид баҳри ҳамкорӣ аст”, - гуфтааст Георгий Мурадов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Қрими назди Президенти Федератсия Русия.