“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Нашрияи парлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки хизмати ҳарбӣ дар кишвар яксола шавад, то ҷавонон ба артиш дилгарм шаванд ва “дедовшина” хотима ёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ин пешниҳод дар ҳоле дар як рӯзномаи мӯътабари расмӣ нашр мешавад, ки ҳар мавсими эъзоми ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мақомот ба мушкили фаровон дучор мешаванд. Аз ҷумла мақомот даст ба ҷалби ҷавонон бо зӯрӣ аз кӯчаю хиёбонҳо мезананд, ки  дар миёни мардум ба вожаи “облава” маъруф аст.

Раҳмонзода: миёни ҷавонон бояд ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем

 Ин маърака ба як мавсими пур аз дардисари мақомоти маҳаллӣ, бахусус ҷамоатҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва милиса шудааст.

 Бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, аммо теъдоди онҳо кам буда, аксаран рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд ва ё ба донишгоҳу донишкадаҳои рӯзона паноҳ мебаранд. С. Аминиён, муаллифи матлаби “Чаро то ба ҳол аксар ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дилгарм нестанд?, ки дар шумораи ахири “Садои мардум” ба нашр расидааст, мегӯяд, низоми эъзом ба артиш ниёз ба ислоҳот дорад, он гуна ки дар соҳоти маориф (гузаштан аз низоми таҳсили даҳсола ба ёздаҳсола, коҳиши муҳлати таҳсил дар макотиби олӣ аз 5 ба 4 сол) ва тандурустӣ (пайдо шудани клиникаҳои шахсӣ, табиатшифоӣ, гиёҳдармонӣ, тибби чинӣ) ба назар мерасад.

“Ҳоло дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар соҳаи мудофиа аз баҳри хизмати дусола баромада, муҳлати онро кам кардаанд. Масалан, дар Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон муҳлати хизмат як сол, Беларус, Украина 18 моҳ ва Озарбойҷон 17 моҳ аст. Дар Юнон муҳлати хизмати аскарӣ 8 — 12 моҳ, Эстония 8 — 11 моҳ, Финландия аз 6 то 12 моҳ, Швейтсария аз 18 то 21 ҳафта ва Дания 4 моҳ мебошад. Ҷавонони турк агар маълумоти олӣ надошта бошанд, ҳамчун сарбози қаторӣ 12 моҳ хизмат мекунанд. Ба онҳое, ки ҳадди ақал 4 сол дар мактаби олӣ таҳсил кардаанд (бакалавр­ҳо), пешниҳод мешавад, ки 12 моҳ ҳамчун афсар ё 6 моҳ ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат намоянд” – менависад муаллиф.

Файзов ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ доду ба хизмат гусел кард

Вай дар такя ба таҷрибаи кишварҳои дигар мегӯяд, барои соҳиб шудан ба як малакаи ҷангӣ барои сарбози қаторӣ аз 4 то 12 моҳ кифоя аст, чун се моҳ тирпарронӣ аз силоҳи сабук, ҳаво додани норинҷак, истифодаи норинҷакандоз (гранатомёт)-ро омӯзад. С. Аминиён меафзояд, барои идора кардани тонку мошинҳои зиреҳпӯш (БМП, БТР), тӯп, миномёт ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ 8 — 12 моҳ кифоят мекунад.

“Суоли матраҳ ин аст, ки чаро дигарон дар ин муддат истифодаи аслиҳаю малакаи низомиро омӯхта метавонистаанду ҷавонони тоҷик не?” – мепурсад ӯ.

Қонунгузории Тоҷикистон барои афроди таҳсилнокарда ду ва таҳсилкарда як сол хизмати ҳарбиро муқаррар кардааст. Фақат мардони аз 18 то 28 – сола ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳатмӣ аст, аммо қишри донишҷӯён ва имтиёздорон ҳаққи таъхир ё озодӣ аз хизматро доранд.

Қаллобӣ: корманди Комиссариати ҳарбӣ 8000 сомонӣ гирифт, аммо билети ҳарбиро надод

Муаллифи матлаб дар “Садои мардум” мегӯяд, дар сӯҳбатҳо бо сокинони кишвар дарёфтааст, ки мардум хоҳони хизмати яксола ва имтиёз ба хизматкардаҳо ҳастанд. Вай сабаби афзоиши фурӯпошии хонаводаҳои ҷавонро дар ин арзёбӣ мекунад, ки “эркатулфор” – ҳои волидайн аз “мактаби ҷасорату мардонагӣ” нагузаштаанд.  Тибқи иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, фақат тайи нимсоли аввали соли равон беш аз 6 ҳазор ҳолати ҷудо шудани хонаводаҳо сабт шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 481 ҳолат зиёд аст.

 Аминиён бартарии хизмати яксоларо дар ин мебинад, ки дар қисмҳои низомӣ «бобосолорӣ» ё «дедовшина» - и меросмонда аз даврони шӯравӣ аз байн меравад.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар Узбакистон тӯли 5 соли охир ҳодисаи ба истилоҳ, “бобосолорӣ” дар артиш ба қайд гирифта нашудааст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи табиб Дониёров ва комиссар Ғоибов дар Суғд

“Чунин натиҷа, аз ҳисоби гузаштан ба хизмати яксола ҳосил шудааст. Яъне, сарбозоне, ки аллакай як сол хизмат кардаанд, дар амал навомадагонро намебинанд. Онҳо баробар мераванду ба ҷояшон сарбозони нав меоянд” – менависад нашрия. Дар бораи зарурати додани имтиёзҳо ба “хизматкардаҳо” муаллифи “Садои мардум” бар ин аст, ки барои кор дар мақомоти давлатӣ, бахусус ҳифзи ҳуқуқ бояд доштани хизмати ҳарбӣ ҳатмӣ бошад. Ӯ аз низоми Узбакистон мисол меорад, ки ҷавононаш барои хизмат дар артиш “навбат” меистанд ё ба хизмати алтернативӣ мераванд, ки тибқи он, довталаб ҳудуди 1200 доллар боҷи давлатӣ супурда, аз курси якмоҳаи омодагии дифоӣ мегузарад ва соҳиби билети ҳарбӣ мешавад.

 “Исбот шудааст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба хатмкардагони макотиби олӣ дар оянда барои комёбу муваффақ шудан дар соҳаҳои интихобкарда кӯмак мерасонад” – менависад муаллиф.

Хизмат-роҳи наҷот аз дузах: ҳушдори Шӯрои уламо ба хидматгурезҳо ва волидонашон

Дар интиҳои матлаб ӯ суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки 10 майи соли равон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар гуфта буд, иқтибос кардааст: “Ягон нафари шумо бе пушту паноҳ нестед. Вазорати маориф ё иқтисод касе ба кор намеравад, вале барои кор дар соҳаҳои гумруку андоз навбат мепоянд”.

Дар интиҳо муаллифи “Садои мардум” мегӯяд, ки дар ҳоли ироа шудани ин пешниҳод аз сӯи мақомоти андозу прокуратура, суд ва дигар ниҳодҳо мушкилоти ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн меравад ва “сифати омодагии дифоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтар мешавад”.

“Облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон дар Тоҷикистон ба дараҷае доғ шуд, ки иддае дар шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои вазири дифоъи ин кишварро тақозо карданд. Аз сӯи дигар, таваҷҷӯҳи расонаҳои давлатӣ ба ин мушкил баёнгари он аст, ки ин мушкилро на фақат расонаҳои мустақил, балки ҳукуматӣ низ бармало дарк кардаанд.