Расулзода ва Ҳамрализода ба саволҳои сармоягузорони араб посух доданд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралаизода дар Кувайт аз имтиёзҳо барои сармоягузорон гуфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар доираи сафари расмии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Кувайт, дар Палатаи тиҷорат ва саноати ин кишвар зери унвони “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳамоиш баргузор гардидааст.

Қоҳир Расулзода ба Кувайт сафар мекунад

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар оғози чорабинӣ Расулзода роҷеъ ба соҳаи сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва дигар паҳлӯҳои ин соҳа дар Тоҷикистон сухан гуфтааст.

Расулзода Валиаҳди давлати Кувайтро ба Тоҷикистон даъват кард

Ҳамчунин, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралаизода дар бораи фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кардааст.

Робитаҳо тақвият меёбанд: мулоқоти Расулзода бо Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт

Сарвазир ва раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба суолҳои иштирокдорони чорабинӣ ҷавобҳои мушаххас додаанд.

Шайхҳои араб ва оши тоҷикӣ: рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон - навор

Манбаъ афзуда, ки дар чорабинии мазкур муовини раиси палатаи тиҷорат ва саноати Кувайт Абдулваҳҳоб ал-Ваззон, соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои кувайтӣ ширкат кардаанд.