Трамп, Зеленский ва С-400: Путин дар анҷоми саммити БРИКС аз чӣ гуфт

Владимир Путин дар рафти нишасти хабарӣ дар доираи саммити БРИКС ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба мулоқот бо Владимир Зеленский, Доналд Трамп ва фурӯши С-400 ҷавоб дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар хотимаи саммити БРИКС дар Бразилия нишасти матбуоти барпо гузаронд, иттилоъ додааст РИА НОвости.

Баҳори донишҷӯёни кишварҳои БРИКС ва СҲШ дар Уфа оғоз гардид

Роҳбари Русия ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба кори созмони БРИКС ва муносибатҳои сиёсии он ҷавоб дод.

Путин тавзеҳ додааст, ки дар бораи БРИКС на танҳо вақти баргузории саммитҳо ёд мекунанд. Ба гуфтаи ӯ тайи соли ҷорӣ қисмати зиёди чорабиниҳо зери мафҳуми иттиҳодшавӣ баргузор шуданд. Ҳамчунин кишварҳои аъзо вобаста ба рушди соҳаҳои асосӣ созишномаҳо ба имзо расонидаанд.

“БРИКС як ҷузъи ҷудонашаванда дар пойдории ҳамкориҳои сиёсӣ мебошад, балки асоси ҳамкориҳои иқтисодӣ низ мебошад, чунки кишварҳои аъзои тарафдори бозори кушоди иқтисодӣ буда, муқобили дилхоҳ “протексионизм” баромад мекунанд”, - таъкид кард Путин.

“Дар соли ҷорӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилаи БРИКС аз рӯи имкони харидори кишварҳои “Ҳафтгона”-ро ба нишондоди 12 дар сад гузашт. Соли оянда дар мқоиса бо кишварҳои “Ҳафитгона” дорои БРИКС зиёда аз 50 триллион долларро ташкил медиҳад, ки инро дилхоҳ нафар пай мебарад”, - илова кард Владимир Путин.

Бонки БРИКС дар Шанхай ба фаъолият оғоз кард

Путин дар рафти нишасти хабари ҳамчунин ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба мулоқот бо Владимир Зеленский, президенти Украина ва Доналд Трамп ҷавоб дод.

Ӯ қайд кард, ки дар моҳҳои наздик мулоқот бо Трамп пешбинӣ нашудааст, аммо бисёр хуб мешавад агар роҳбари Амрико ҳангоми ҷашни Иди ғалаба дар моҳи май аз Маскав дидан кунад.

Вобаста ба пешниҳоди собиқ президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкил кардани мулоқоти Путин бо Зеленский дар шаҳри Нур-Султон ӯ таъкид кард, ки ин имкон дорад. Ҳамчунин дар рафти суҳбат Путин таъкид кардааст, ки байни уву Зеленский алоқа вуҷуд дорад, ва барои гуфтушунид ҳамеша таёр аст.

Путин ҳамчунин дар бораи таҳвили ракетаҳои зенитии С-400 ба дигар кишварҳо аз ҷумла Ҳиндустон гуфтааст, ки ҳамааш аз рӯи нақша амалӣ шуда истодаанд.

БРИКС: ҳузури мутақобила

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз Русия ба Туркия ракетаҳои зенитии С-400 таҳвил дода буд, ки ин ба гуфтаи сиёсатшиносон Трампро безобита кард.

Созишнома миёни Анқара бо Русия оид ба харидории техникаҳои ҳарбии С-400 ин мушкилиҳо дар муносибатҳои Амрико бо Анкараро ба бор меорад.

Ҷониби Амрико ба Туркия пешниҳод кардаанд, ки аз харидории С-400 русӣ даст кашад ва аз техникаи ҳарбии амрикоии навъи Patriot харидори намояд.

Ҳамчунин ҷониби Амрико ба Туркия таҳдид карда буд, ки агар аз харидории техникаҳои русӣ даст накашад, фурӯши “истребител”-ҳои F-35 ба ӯ манъ карда мешаванд ва нисбаташ таҳримҳо баста хоҳанд шуд. Аммо Туркия то ҳол аз тасмимаш даст накашидааст.