Даромад зиёду қарз кам шуд: Нуралиев гуфт, боварии мардум ба бонкҳо афзоиш ёфт

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз беҳбуди вазъи бонкҳои кишвар ва афзоиши боварии мардум ба бонкҳо гуфта, аз масъулони Ожонси “Moody’s Investors Service” хост, баҳои воқеӣ диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳайати Ожонси байналмилалии “Moody’s Investors Service”, ки ба радабандии қарзии кишварҳои ҷаҳон, таҳқиқ ва таҳлили хавфҳои онҳо машғул аст, таҳти раёсати мудири иҷроияи Ожонси мазкур Жин Фенг дар Тоҷикистон қарор доранд ва барои шиносоӣ бо вазъи бонкҳо бо Нуралиев мулоқот доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Йордан масоили иқтисодиро баррасӣ кард: дар Швейтсария

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар оғози мулоқот, Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, новобаста ба таъсири омилҳои беруна Тоҷикистон тавонист тайи солҳои охир устувории макроиқтисодӣ - асоси рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.

Нуралиев аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла таъмини даромаднокӣ ва беҳтар гардидани сандуқи қарзӣ, коҳиш ёфтани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва зиёд шудани ҷалби пасандозҳо ёдовар шуда, қайд кард, ки ин аз эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ дарак медиҳад.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намудаст, ки натиҷаи баҳодиҳии гуруҳи мазкур, яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Бонки миллӣ маркази ягонаи интиқоли маблағҳоро муаррифӣ кард

Нуралиев аз ҳайати Ожонс, хостааст, дар раванди таҳияи рейтинги навбатӣ, бояд хусусиятҳои хоси минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва саҳми бахшҳои иқтисодиёт дар он, беҳтар гардидани сатҳи даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалии кишвар, ислоҳоти гузаронидашуда ва нишондиҳандаҳои муҳими дигар ба инобат гирифта шаванду аз рӯйи нишондиҳандаҳои воқеӣ хулосабарорӣ намоянд.