ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори навбатӣ дар бораи бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Имдоди Рушд”-ро ба имзо расонидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ қарори мазкур дар бораи бозхонди иҷозатномаи ФҚХ “Имдоди Рушд” рӯзи 12 ноябри соли равон мутобиқи моддаи 26 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8-9 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ба имзо расидааст.
Масъулини Бонки миллӣ таъкид намудаанд, ки иҷозатнома бо сабабҳои ба таъхир гузошта шудани уҳдадориҳо бозхонд шудааст.
“Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ФҚХ “Имдоди Рушд”, ки 28 августи соли 2012, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд”, - зикр намудааст БМТ.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки самтҳои дигари фаъолияти фонди зикргардида дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби Бонки миллӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд.