Эълони озмун: ҷавонони бо шуҷоат ва ҷавонмард қадрдонӣ мешаванд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар бораи “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” озмун эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон “Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ” – ро миёни ҷавонони касбу кори гуногун доир менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон.

Эълони озмуни "Беҳтарин акси Эмомалӣ Раҳмон": ҷоиза аз 2 то 5 ҳазор сомонӣ - навор

Бино бар иттилои манбаъ, ҷоизаи мазкур ба ҷавононе, ки ҷасорату ҷавонмардӣ ва далериву шуҷоатро нишон додаанд, дода мешавад.

Тибқи кумита ҷоиза барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ;

Инчунин барои ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ ва ғайра);

– ҳифз ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои ногаҳонӣ, пешгирии амалҳои террористию экстремистӣ ва омилҳои номатлуб;

– барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кўмаки фаъолона ба кўшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ;

Эълони ғолибони озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман”

– корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдиди бевосита доранд;

– амалӣ намудани кирдорҳое, ки бевосита бо хавфи аз даст додани ҳаёти шахсӣ алоқаманд буда, бинобар далерӣ, ҷуръат ва нотарсӣ дар ҳолатҳои хатарнок бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷоиза ба шаҳрвандони синни 14-35 солаи Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Манбаъ зикр намудааст, ки довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро, то декабри соли ҷорӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намоянд.