Шарҳи раҳбарияти UFC дар бораи таҳқири Макгрегор аз Нурмуҳаммадов

Раҳбарияти UFC нишасти хабарии Конор Макгрегорро, ки авохири моҳи октябр дар Маскав баргузор шуд, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раҳбарияти UFC наметавонад ба суханронии размикоронаш таъсиргузор бошад, гуфт Дэвид Шоу ноиби президенти UFC дар бораи таҳқири Нурмуҳаммадов аз ҷониби Макгрегор.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов расонаҳои Русияро барои пуштибонӣ аз Макгрегор шарманда кард

Абдулманап гуфт, Ҳабиб бо анҷом додани ду-се муҳорибаи дигар тарки октагон мекунад - навор

Ӯ гуфт Макгрегор промоутери хуб аст. Дар баробари ин Шоу қайд кард, ки ташкилот суханони таҳқиромезро нисбати дигар варзишкорон дастгирӣ намекунад.

Ҷавоби падари Нурмуҳаммадов ба Макгрегор дар бораи тарсончакии Ҳабиб

"Мо бо варзишкорон шартнома дорем. Ва онҳо аз рӯи қоидаҳои вижа амал мекунанд. Вале мо наметавонем суханронии онҳоро дар ҳама ҷо таҳти назорат гирем. Конор - промоутери хеле хуб аст, ӯ натанҳо барои машҳур шудани худ, балки кулли варзиш хизмати зиёд кардааст. Дар баробари ин UFC таҳқири ин ё он варзишкорро дастгирӣ намекунад", - қайд кард, ноиби президенти UFC.

Дар авохири моҳи октябр Конор Макгрегор бо рӯзноманигорон ва ҳаводоронаш дар шаҳри Маскав суҳбат кард.

Макгрегор ба пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммедов боварӣ дорад

Дар нишасти хабарӣ, Конор размикори машҳур ва қаҳрамони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва кулли мардуми Доғистонро таҳқир кард.

Аз ҷумла Макгрегор Нурмуҳаммадовро тарсончак номид ва гуфт Ҳабиб наметавонад аз реванш гурезад.