Панҷумин медали Шоҳмаҳмадов аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2019

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки таеквондочии ҷавони кишвар Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори медали нуқра гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, рӯзҳои 7-9 ноябр дар шаҳри Сиани ҷумҳурии Чин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи таеквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ва калонсолон доир гашт.

Ду варзишгари тоҷик дар даври аввали мусобиқа дар АМА пирӯз шуданд

Манбаъ афзуд, дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз 20 давлати қораҳои Осиё ва Африқо ширкат карданд.

“Аз Тоҷикистон 4 варзишгар – Ширинмоҳ Миршакарзода, Моҳру Ҳалимова, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов ба Чин сафарбар гардиданд ва дар рӯзи сеюми мусобиқа Муҳаммадҳасан дар вазни -73кг миёни ҷавонон ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита таъкид кардааст, ки ин 5-ум медали Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли равон мебошад. Ӯ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Урдун сазовори медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналмилалии “Namangon Open” - Узбакистон ва “Chuncheon Korea Open G-2” - ҷумҳурии Корея медали тилло ва дар мусобиқа ба хотираи Суйлиш Батир дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.