Оғози сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса

Имрӯз 7 ноябри соли 2019 сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Фаронса оғоз гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар Фаронса оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Йордан масоили иқтисодиро баррасӣ кард: дар Швейтсария

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Орли”-и Фаронса Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса  истиқбол гирифтанд.

“Барои пазироии меҳмони олиқадр, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 5 ноябр барои анҷоми сафари расмӣ ба Конфедератсияи Швейтсария карда буд.

Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.