Тошканд қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи Тоҷикистонро пайгирӣ дорад

Бар хабари намояндагони марзбонӣ, ҷониби Узбакистон дар бастагӣ ба ҳодисаи ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ, бо ҳамтоёни тоҷики худ дар тамос ҳастанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Мақомоти марзбонии Узбакистон, қазияи ҳамлаҳи гурӯҳи ниқобпӯшон ба постгоҳи марзии "Ишқобод" - и Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии он кишвар.

"Мо аз ҳодисаи рух дода бохабар ҳастем ва феълан онро мавриди омӯзиш қарор додаем", - изҳор намудааст як намояндаи марзбонии Узбакистон.

Ба гуфта ӯ, феълан мақомоти марзбонии Узбакистон бо ҳамтоёни тоҷики худ дар тамос ҳастанд.

Ҳабдаҳ кушта: ҳамла ба дидбонгоҳ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон-акс

Ёдовар мешавем, ки шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. 

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.