ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳолати дуздӣ шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2019 ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Чин, марди 61-сола, мувақатан сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия, роҳбари ҶДММ “Роҳсоз” ворид гардидаст.
Ба нақли ӯ, шаби 3-юм ба 4-уми ноябри соли 2019, шахсони номаълум аз корхонаи мазкур 500 литр маводи сузишвории дизелӣ, ки арзишаш 4000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Пештар, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ноболиғи 12-сола, ки дар дуздии хонаи марди 40-сола айбдор мешаванд хабар дода буд.
Ахиран ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 40-сола муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромаданд ва аз он ҷо 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсияи пойтахт зимни ҷустуҷӯ ду ноболиғи 12-солаи сокинони кӯчаи К.Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомониро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.