Навори тирпарронӣ дар қаҳвахонаи Шимкент ба интернет роҳ ёфт

Бар асари тирпарронӣ дасти кам 1 нафар ҷон бохт ва ҳамзамон 5 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ба интернет навори тирпарронӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Шимкент роҳ ёфт. Дар навори кӯтоҳ маълум аст, ки ба ҷойи ҳодиса аллакай кормандони пулис ҳозир шудаанд ва чанде аз ҷароҳатбардоштаҳои тирпарронӣ низ нишон дода мешаванд.

Бар тибқи маълумҳои ахир, бар  асари тирпарронӣ дасти кам 5 нафар ҷароҳат бардоштанд ва ҳамзамон 1 тани дигар ҷон аз даст дода буд.

Тирпарронӣ дар Миссурии ИМА чор кушта бар ҷой гузошт

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки тирпаррониро ду мард аснои ворид шудан ба қаҳвахона шурӯъ карданд.

Даргирӣ дар наздикии марзи Узбакистон: даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд

Гуфта мешавад, алъон шахсияти гумонбаршудагон маълум гардидааст ва кормандони пулис барои дастгир намудани онҳо чораҷӯӣ мекунад.

Зимнан, қайд мегардад, ки аз ҷойи ҳодиса ду таппончаи Макаров, силоҳи пневматикӣ, шикорӣ, "Сайга" ва инчунин 12 гилза дарёфт карда шудаст.