Героин дар меъда: нашъаҷаллоби масири Хуҷанд – Новосибирск худаш таслим шуд

Сафармаҳмад Бобоев, ки барои қасди интиқоли нашъа аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Новосибирски Русия аз соли 2013 дар пайгард қарор дошт, ихтиёран ба мақомот таслим шуда, ба 9 соли зиндон маҳкум гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Бобоев моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Новосибирск бо Нуриддин Охунзода барои интиқоли нашъа аз шаҳри Хуҷанд ва пардохти 40 000 рубли русӣ маслиҳат кардаанд.

Боздошти як нашъаҷаллоби дигар дар вилояти Хатлон

Манбаъ афзуд, ки Охунзода 15 майи соли 2013 тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Новосибирск ба шаҳри Хуҷанд омада, дар меҳмонхонаи "Ленинобод" маскан гирифтааст.

“Пас аз 3 рӯз санаи 18 май аз тарафи шахсияти ба тафтишоти пешакӣ номаълум ба Охунзода телефонӣ хабар дода шудааст, ки дар боғи фарҳангии истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ғилофакҳои резинии ҳомили героин ва чиптаи ҳавопаймои масири Хуҷанд-Новосибирск пинҳон карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Додситонӣ тавзеҳ дод, ки Охунзода 19 май 96 адад ғилофакро фурӯ бурда, соати тахминан 16:00 ба фурудгоҳ омад ва боздошт гардид.

ВУД Тоҷикистон гуфт, Маъруфҷон нашъаҷаллобонро аз зиндони Қирғизистон роҳбарӣ мекунад

“Бо мудохилаи тиббӣ 96 адад ғилофакҳои бо маводи нашъадор пуркардашуда аз меъдаи Охунзода. гирифта шуд, ки ҳаҷми умумии он 385,1 грамро ташкил намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки Бобоев он замон аз ҷои ҳодиса ғайб зад ва аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон мавриди пайгард қарор гирифт.

Ба иттилои Додситонии кул, Бобоев моҳи феврали соли равон ихтиёран ба раёсати умури дохилии вилояти Суғд таслим шуда, ахиран бо ҳукми додгоҳи шаҳри Истиқлол ба 9 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.