Маро тоқа намон: нашри суруду намоҳанги нави Абдурозиқ-видео

“Оҳи дили зор”, унвони суруд ва намоҳанги ҷадиди Абдурозиқ, овозхони навраси тоҷик мебошад, ки дар рӯзи аввали нашраш дар Ютуб марзи ним миллион тамошобинро убур кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Суруди ҷадиди Абдурозиқ, ки рӯзи дуюм аст дар интернет чарх мезанад, феълан дар Ютуб беш аз 630 ҳазор тамошобин гирифта, наздики 7 ҳазор онро шарҳ додаанд.

Абдурозиқ, кӯдаке, ки як навори кӯтоҳи сурудхонияш дар бозор чанд соли қабл дар интернет сертамошобин шуду баъдан аз назарҳо дур монд, феълан бо наворҳои ҷадид ба ситораи Ютуб табдил ёфтааст, ки миллионҳо тамошобин дорад.

Ҷонибек Муродов зидди сурудхонии занон: саҳна ҷойи зан нест

Абдурозиқ, зодаи деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент буда, орзу дорад, овозхони машҳур шавад. Абдурозиқ, ки зоҳиран кӯдаки 4-5-соларо мемонад, аз ҷониби Барон, репсаро ва блогери тоҷик ба Душанбе оварда шуд, то орзуи роҳёбӣ ба саҳнаҳои бузургро амалӣ кунад.

Навори суҳбату сурудҳоеро, ки Барон бо Абдурозиқ дар интернет нашр мекунад, тайи моҳҳои охир аз ҷумлаи сертамошобинҳо мебошанд.

Қаблан Барон ва Абдурозиқ суруд ва намоҳанги “Ватан-Модар”-ро пешниҳоди омма карданд, ки то ҳол дар Ютуб онро наздики 2 миллион бор тамошо кардаанд.

Қадами Қурбон дар бораи дуздидани ҳамсар, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ва истифодаи таппонча

Ӯ нақл мекунад, ки чун хонааш дар канори деҳаи Ғиждарва асту роҳаш дур, дар синфи якумӣ ба ӯ китобро надоданд ва шарҳ доданд, ки бардошта наметавонад. Вай афзуд, ки аз синфи 5 ба хондани Алифбо оғоз кард ва то он вақт бисёри ҳарфҳоро намешинохт.

Наздикони Абдурозиқ, ки феълан 16 сол дорад, зоҳиран ба кӯдаки 4-сола монанд буданашро ба бемории рахит рабт медиҳанд, ки Абдурозиқ ба он дар хурдсолӣ мубтало шуду волидон шароити табобаташро надоштанд.

Аммо Абдурозиқ хеле закӣ, чаққон ва ҳозирҷавоб ба воя расида, ният дорад, баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шавад.