Трамп тафсилоти марги Бағдодиро гуфт: чун саг гирён мурд, на чун қаҳрамон

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, зимни як паём ба мардумаш кушта шудани Абубакр Бағдодӣ, роҳбари созмони террористи "ДОИШ"-ро тасдиқ карда, ҷузъиёти амалиётро нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Трамп гуфт, ҷараёни амалиётро назорат кард, Бағдодӣ чун як саг, гирёну нолон мурд, чун тарсу, на чун қаҳрамон. Ӯ афзуд, ки дар пайи даргирии дусоатӣ Бағдодӣ ҳамроҳи фарзандонаш вориди нақб шуд.   Илова шуд, ки Бағдодӣ ҳангоми фирор аз низомиён гирёну нолон камарбанди маргталабро тарконд, ки дар натиҷа ҳамроҳи ӯ ду зану се кӯдак низ ба ҳалокат расиданд.

Ал-Бағдодиро боз куштанд? Суол ва шарҳи Қодиров дар бораи марги роҳбари “ДОИШ”

Раисиҷумҳури ИМА изҳор дошт, ки аз рӯзи сари қудрат омаданаш ҷӯёи Бағдодӣ буд ва ниҳоят баъди 3 соли таъқиб ӯро пайдо ва нобуд карданд.

Ӯ таъкид намуд, ки 8 чархболи ҳомили ҷангиёни ҳирфаии амрикоӣ ба макони будубоши Бағдодӣ дар музофоти Идлиб ҳамла карда, ӯ ва ҳамроҳони зиёдашро нобуд карданд. Ба гуфтаи Трамп аз ҷониби низомиёни ИМА касе талаф наёфт. Трамп таъкид намуд, ки ташхиси ҷасад шахсияти Бағдодиро тасдиқ кард. Вай Бағдодиро бадтар аз Бен Лоден арзёбӣ намуд, ки бо кушта шуданаш ҷаҳон амнтар шуд.

Раисиҷумҳури ИМА аз мусоидати Русия ва Ироқ тавсиф карда, афзуд, ки ин тарафҳоро аз парвоз ба Идлиб, макони амалиёт огоҳ карданд, аммо  тафсилотро ироа накарда буданд. Ӯ афзуд, ки Русия низ "ДОИШ"-ро хуш надорад ва алайҳаш мубориза мебарад.

Ришашро кӯтоҳ ва ранг кард: Ал-Бағдодӣ роҳи гурез ба Ироқро меҷӯяд

Ахиран Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон дар саҳифааш дар шабакаи Telegram, навиштааст, ки марги Ал-Бағдодӣ ба ӯ суханҳои Тарас Булба ба писарашро ба ёд меоранд, ки гуфта буд, “туро ман зодам, худам мекушам”.

“Абубакр ал-Бағдодӣ боз кушта шуд? Ба хотир суханҳои Тарас Булба меоянд, ки ба писараш Андриё гуфта буд: “Ман туро зодаам, худам мекушам”. Бен Лоден кушта шуд, аммо Ал-Қоида зинда аст. Марги Бағдодӣ кам чизеро тағйир хоҳад дод, агар террористҳо ба хубу ганда гуруҳбандӣ шаванд”, - изҳор дошт Қодиров.

Инчунин Қодиров зарурати тоза кардани қаламрави Сурияро аз террористҳо таъкид кард.