Пирӯзии бузурги мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Непал

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии интихобӣ ҳарифони худ, тими Непалро бо ҳисоби калони 6:0 маглуб намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дастаи миллии футбзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи ҶИЭ оғоз гардид, бар дастаи Непал дастболо шуд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон чор бозии дӯстона баргузор мекунад

Ба иттилои сомонаи Варзиш, шогирдони Деян Дедович ба дарвозаи неаплиҳо 6 голи беҷавоб заданд.

Дар ин рақобат Рустам Ҳамидов,Файзали Сардоров ду голӣ, Парвиз Раҳматов ва Умед Қӯзиев як голи ба самар расониданд.

Дидори навбатии иунтахаби футзали Тоыикистон  24-уми октябр бо Афғонистон соати 14:30 бо вақти Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Туркия 1:6 шикаст хӯрд

Ду дастаи беҳтарини гуруҳ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Туркманистон сурат мегирад, роҳ меёбад.