ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 давлати ҷаҳон ҷои 11-умро ишғол кард.
Бар хабари самонаи "Варзиш" миёни варзишгарони Осиё медали тилло насиби варзишгари мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36, медали нуқра бошад, насиби варзишгари Ҷопон Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 шуд.
Қаиқронҳои тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Руминия рафтанд
Медали тиллои Қаҳрамони ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷои дуюм, варзишгари Руссия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.
Даминов ва Рустамов дар сабқат барои Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон иштирок мекунанд