ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон, ки феълан дар Бразилия қарор доранд, нахустин тамрини худро дар яке аз машҳуртарин бошгоҳҳои ин давлат баргузор карданд.
Бар хабари сомонаи "Варзиш" мураббии тими наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов бо дарназардошти дурии роҳ футболбозонро танҳо барои барқарорсозии бадан давоми ним соат тамрин додааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 17 - октябри соли равон тариқи хатсайри Душанбе – Истамбул ба шаҳри Сан-Паулуи кишвари Бразилия парвоз намуданд.
Мунтахаби кишвар кай ба чемпионати Осиё роҳ меёбад? Шарҳи коршинос аз вазъи футболи тоҷик
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон-2019, ки аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор мешавад, мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "Е" бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон Аргентина, Аргентина Испания ва Камерун неру месанҷанд.
Нахустин бозии мунтахаби футболбозони тоҷик санаи 28-уми октябр бо тими мунтахаби Камерун баргузор мегардад. Дар даври дуюм рӯзи 31-уми октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов бо мунтахаби Испания вориди майдон мешаванд.
Як голи ҳалол: футболбозони тоҷик тими Ливанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд
Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17 солаи тоҷик санаи 3-юми ноябр бо ҳамтоёни худ аз кишвари Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд.