Ғолибон маълум шуданд: Қоҳир Расулзода ба 18 соҳибкори Хатлон сипосномаву ҳадия туҳфа кард

Озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Ободгари Ватан”, ки бо ташаббуси мақомоти вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2019 ҷамъбаст ва ғолибони он муайян шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нахуствази Тоҷикситон ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ноҳияи Хатлон, ғолибони озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Ободгари Ватан”  сипосномаву ҳадия туҳфа карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба соҳибкорон, шахсони ташаббускору саховатпеша, ки саҳми худро дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузоштаанд, аз ҷониби Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон Сипоснома ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Соҳибкор бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи “Ҳаёт” сохт

Дар асоси хулосаи комиссияи тадорукотӣ соҳибкорони зерин ғолиби озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” дониста шуданд:

1. Умар Раҳматов, соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Бохтар, барои сохтмони майдончаи варзишӣ;

2. Дӯстмурод Азимов аз шаҳри Кӯлоб, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;

3. Меҳроҷ Давлатов аз ноҳияи Восеъ, барои саҳмгузорӣ дар бунёди мактаб бо 340 ҷойи нишаст дар як баст;

4. Сангалӣ Юсупов аз ноҳияи Вахш, барои бунёди беморхонаи клиникӣ;

5. Моҳинав Раҳмонова аз ноҳияи Балҷувон, барои бунёди корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш;

6. Идихон Сафаров аз ноҳияи Муъминобод, барои корхонаи меваю сабзавот ва меҳмонхона;

7. Лутфия Арсланова аз ноҳияи Дӯстӣ, барои бунёди коргоҳи дӯзандагӣ ва нонпазӣ;

8. Абдулмаҷид Ятимов, барои бунёди варзишгоҳи интегралӣ;

Соҳибкор аз ҳисоби худ дар Ашт бо арзиши наздик ба 9 миллион сомонӣ мактаб месозад

9. Далер Қунғуротзода аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;

10. Файзулло Ҷамилов аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;

11. Абдусаттор Сафаров аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;

12. Муродҷон Самиев аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;

13. Усмон Диллоев аз ноҳияи Қубодиён, барои бунёди бунгоҳи тиббӣ;

14. Абубакр Аҳмадхоҷаев аз ноҳияи Ҷ.Балхӣ, барои бунёди муассисаи таълимӣ;

15. Маҳмадалӣ Раҳимов аз ноҳияи Ховалинг, барои бунёди меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ;

16. Ҷумъахон Қосимов аз Ховалинг, барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ва сохтани чоҳи амудӣ;

17. Абдусалом Ҳақназаров аз ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ, барои барқарорсозии роҳ ва девори атрофи беморхонаи рақамӣ;

18. Нурмаҳмад Шоев аз ноҳияи Балҷувон, барои бунёди толори варзишӣ.

Соҳибкор сокинони ду деҳаи Тоҷикободро бо оби тоза таъмин кард

Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ғолибони озмуни вилоятӣ пирӯзиҳои наву комгорӣ орзу карда, барои саҳми муносибашон дар корҳои ободонию созандагӣ изҳори сипос намуданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадаф аз багузории озмуни “Ободгари Ватан” беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ мебошад.

Озмун давоми солҳои 2019-2021 идома ёфта, ҳар семоҳа аз он натиҷагирӣ карда мешавад.