Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

Истамова Мафтуна, соҳибкор, модари ду фарзанд орзу дорад ситораи синамо шавад. Барои бароварда кардани ин орзуяш Мафтуна ба озмуни "Зебосанам - 2019" омадааст
Sputnik

Дар шаҳри Панҷакент қисми дуюми даври аввали озмуни "Зебосанам - 2019" баргузор шуд. Ба ҳунару зебогии духтарон чаҳор довар - ҳунарманди театр ва кино Моҳпайкар Ёрова, корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, ҳунарманд Дамирбек Олимов ва овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова,, баҳогузорӣ карданд.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Духтарони зиёде барои намоиши ҳунару истеъдоди худ ба ин озмун омада буданд.

Истамова Мафтуна 24 сол дошта, соҳибкор, модари ду фарзанд мебошад. Ӯ орзу дорад ситораи синамо шавад. Барои бароварда кардани ин орзуяш Мафтуна ба озмуни "Зебосанам - 2019" омадааст. 

Ба нақли Мафтуна ӯ дар Русия бузург шуда, дар 18-солагӣ ба Тоҷикистон бозгаштааст. Айни замон ба соҳибкорӣ машғул аст ва мағозаи фурӯши пироҳан дорад.

"Ман аз хурдӣ орзу доштам, ситораи синамо шавам. Мехостам тариқи ин озмун ситора шавам", - мегӯяд Мафтуна.

Дилхоҳи Нозиршоҳ аз ҷуръати ин духтари тоҷик истиқбол карду ӯро ба даври дуюм роҳ дод. Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов низ ба Мафтуна посухи мусбӣ доданд, вале Моҳпайкар Ёрова мафтунаро аз ширкат дар даври дуюми озмуни "Зебосанам - 2019" маҳрум кард. 

Сабрина Зуҳурова дар бораи хонадоршавӣ ва "тарк" - и озмунҳои зебоӣ гуфт

Вале ровии барнома, Мубориз Усмонов қайд кард, ки бо гирифтани се овози мусбат Мафтуна ҳуқуқ дорад дар озмуни "Зебосанам - 2020" ширкат кунад.

Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.