Садамаи маргбор: духтарачаи 4 сола зери чархи мошин ба ҳалокат расид

Дар садамаи нақлиётие, ки рӯзи 15 октябр дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлони рух додааст, духтарчаи соли таваллудаш 2015 ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ронандаи 29 сола  рӯзи 15-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:20-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Одилободи ноҳияи Кӯшониён духтарчаи ноболиғро пахш намудааст, ки дар натиҷа  ба ҳалокат расидааст.

Пахши пиёдагарди ноболиғ: духтарчаи 4-сола ба ҳалокат расид

Тавре ВКД қайд намудааст, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қувватов Умарбек Зулфиқорович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Кӯшониён, дар ҳудуди деҳаи Одилободи ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Асоева Роҳиламоҳ Сафарбековна, соли таваллудаш 2015, сокини деҳаи Одилободро пахш намудааст. 

“Дар натиҷа, хурдсол Асоева Роҳиламоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, мутаассифона дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони ВКД Тоҷикистон аз рӯи ҳодиса мазкур таҳқиқотро идома доранд.