Гулистон ва Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро иҷро карданд

Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки шаҳри Гулистон ва ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пурра иҷро карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Шаҳри Гулистон ва ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро пурра иҷро намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Омбудсмени нави Тоҷикистон дар бораи “облава” ва латукӯби ҷавонон

Манбаъ зикр намудааст, ки қабл аз ин шаҳри Исфара ва ноҳияи Шаҳристон аз иҷрои нақша гузориш дода буданд.

Аммо дигар шаҳру ноҳияҳои боқимонда гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ҷараён дошта,  то санаи 15 октябр нақшаи даъват дар вилоят наздик 70 дарсад иҷро шудааст.

Дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон ва қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар ҳудуди вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ва ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.