Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ барои мубориза бо маводи мухаддир

Шерхон Салимзода, мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Ашита Миттал, роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси назорати маводи нашъаовар, мулоқот бо хонум Ашита Миттал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, 11 октябр баргузор гардид.

Мусодираи қариб 1 тон маводи мухаддир аз ҷониби  ВУД Тоҷикистон ва Русия

Ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ожонс ва намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро баррасӣ карданд, ки яке аз мавзуъҳои меҳварияш расонидани кумаки техникӣ барои мубориза бо маводи нашъаовар мебошад.

Манбаъ афзуд, ки Салимзода ва Миттал инчунин таъсис додани гурӯҳҳои сайёри байниидоравӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Мудири Ожонси назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба раёсати СММ барои кумаки амалӣ ва татбиқи барномаҳои назорати маводи нашъаовар сипос гуфта, дар бораи вазъи феълӣ дар кишвар гузориш додааст.

Хонум Миттал ба Салимзода барои ҳамкории боэътимод ва мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак дар самти назорати маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Ҷонибҳо зарур хондаанд, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.