Даҳшат: дар Қазоқистон бинобар дарёфти ҷасади навзод аз яхдон, дари зоишгоҳро бастанд

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон ба дари Шӯъбаи марказии зоишгоҳи кӯдакони норасид? дар робита ба марги навзод мӯҳр задаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Фавти навзод дар яке аз бемористонҳои Қазоқистон шаҳрвандони ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуд. Зеро ҷасади кӯдаки тоза таваллудшударо аз дохили яхдони беморхона дарёфт намуданд.

Зимнан хадамоти зидди фасоди ин кишвар дар бастагӣ ба қазияи ҳалокати кӯдак далелҳои навро пайдо намудаст.

Маълум гардид, ки замони таваллуд шудани кӯдак сардухтури беморхонаро давоми се саот ҷустуҷӯ намуданд ва ӯро дар ҳолати сархушӣ азяк ҳамомхонаи шаҳр  дарёфт карданд.

Коҳиши фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон

Гузашта аз ин ҳолати санитарии шӯъбаи таваллуди кӯдакони норасид низ хароб буда ба оддитарин қоидаҳои санитарӣ ҷавобгӯ набудаст.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Атирауси Қазоқистон аз дохили яхдони зоишгоҳ ҷасади навзод дарёфт шуд.

Намояндагони хадамоти фасод бар инанд, ки кӯдак зинда таваллуд шуд, аммо пизишкон дар ҳуҷҷатгузорӣ ӯро ҳамчун таваллуди мурда қайд намуданд.

Феълан алайҳи сардухтур ва пизишконе, ки  дар зоиши ин тифт иштирок карданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардидаст.