Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Даври аввали озмуни "Зебосанам - 2019" дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Ба ҳунару зебогии духтарон чаҳор довар баҳогузорӣ карданд
Sputnik

Дар шаҳри Панҷакент даври аввали озмунро ҳунарманди театр ва кино Моҳпайкар Ёрова, Дилхоҳи Нозиршоҳ корманди соҳаи телевизион ва радио, Дамирбек Олимов ҳунарманд ва Нигина Амонқулова овозхони маъруфи Тоҷикистон, арзёбӣ карданд.

Сабрина Зуҳурова дар бораи хонадоршавӣ ва "тарк" - и озмунҳои зебоӣ гуфт

Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.