ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, шогирдони Зайниддин Раҳимов шоми 6 октябр дар даври ниҳоӣ бар тими ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юми дидор Шаҳром Самиев зад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои Малдив бо ҳисоби 9:0 ва Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд.
“Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани 9 хол аз 9 холи имконпазир мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли ояндар дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита тавзеҳ дод, ки 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 рӯзи 10 ноябр, пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи боқимонда, маълум мегарданд.