Дар пешорӯи нестшавӣ: 10 ҳайвони нодир аз Китоби сурхи Русия - акс

Sputnik

Ҳамасола ба иллати шикор ва ё ифлосшавии оби баҳру уқёнусҳо, шумораи ҳайвонот рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.

Видеои қиматтарин шикор дар Тоҷикистон - навор

Бобати зеботарин ва камчинтарин ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Русия шомил гардиданд, тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон ба Шумо маълумот медиҳад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист: барои талаф наёфтани Марко Поло ба шикори он иҷозат додем

Ба феҳрати рӯйхати Китоби Сурхи Русия аслан ҳайвоноте дохил мешаванд, ки дар рӯбарӯӣ нестшавӣ қарор доранд.

Китоби Сурх давоми 10 сол ҳатман як маротиба чоп мешавад. Нахустин Китоби Сурх замони шӯравӣ соли 1978 баромада буд. Он замон ин китоб аз ду бобат иборат буд. Дар қисми аввали он дар бораи ҳайвоноте маълумот дода мешуд, ки дар пешорӯӣ нестшавӣ қарор доштанд ва дар қисмати баъдӣ дар мавриди растаниҳои нодир ҳарф зада мешуд.

Тоҷикистониён аз шикори ғурм ба дасти хориҷиҳо хашмгин шуданд

Бар тибқи маълумотҳои ахир ба феҳрати ин китоб ҳайвонҳои нав аз қабили паланг, аспи Пржевалский, паланги амурӣ, хирси сафед, бузи кӯҳӣ, бабри барфӣ, кити Сейвал, гурги сурх, шери баҳрӣ ва гови ёбоӣ шомил шуданд.

1 / 13
Ин намуд аспи ваҳшӣро (Пржевалский) метавон дар кишварҳои Осиё дид. Алъон беш аз 2 ҳазор намуди ин асп боқӣ мондааст.
2 / 13
Паланги сибирӣ ва ё амурӣ. Ин намуд паланро дар қисмати ҷанубу шарқи Русия ва манотиқи Хабаровский ва приморский метавон мушоҳида кард
3 / 13
Тибқи маълумотҳои ахири оморӣ, дар ҷаҳон наздики 540 намуди паланги амурӣ боқӣ мондаст. Дар расм палангбачаҳои амурӣ ҳастанд, ки дар боғи ҳайвонот бозӣ мекунанд
4 / 13
Хирси сафед аз ҳисоби азимҷуссагии худ танҳо аз тимсоҳ кӯчактар аст
5 / 13
Дар Русия феълан 5-6 ҳазор намуди хирси сафед мавҷуд аст
6 / 13
Саршумори бузҳои кӯҳиро ҳисоб кардан бисёр мушкил аст, зеро онҳо аслан дар қаторкӯҳҳои душворгузар зиндагӣ мекунанд.
7 / 13
Бабри барфӣ бошад аслан дар қаторкӯҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунад
8 / 13
Феълан шумораи ин намуд ҳайвон ба таври фавқуллода камчин аст. Тибқи маълумотҳои гуногун шумораи умумии онҳо наздики 7 ҳазорро ташкил медиҳад
9 / 13
Кити Сейвал дар чуқурии беш аз 300 метр метавонад давоми 20 дақиқа шино кунад. Ин намуд кит дар тамоми уқёнусҳои ҷаҳон мавҷуд аст.
10 / 13
Гурги кӯҳӣ ва ё сурх бисёр нодир буда дар пешорӯӣ нестшавӣ қарор дорад. ин намуд гург аслан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд.
11 / 13
Гови ёбоии амрикоӣ калон ҷуссатарин ҳайвон дар миқёси Аврупо ҳисобида мешавад
12 / 13
Шери баҳрӣ ҳарчанд ба хатари нестшавӣ рӯбарӯ нест, аммо бо вуҷуди ин ҳам таҳти ҳифозат қарор дорад
13 / 13
Паланги амурӣ яке аз ҳайвонҳои бисёр нодир буда, феълан дар Русия шумораи умумии онҳо 87 - то боқӣ мондааст