Парвандаи шаҳвонӣ: боздошти Ҳамроев ва Убайдов барои талаби 10 ҳазор доллар пора

Агентии мубориза бо фасод аз боздошти ду мақомдори бахши тиббӣ - судӣ хабар медиҳад, ки барои раҳо кардани муттаҳам дар ҷинояти хусусияти шаҳвонӣ, ришва ба маблағи 10 000 доллар талаб намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии фасод, алайҳи ду ташхисгар, рӯзи 19 - уми сентябр як шаҳрванд бо аризаи даъвогӣ шикоят намуд.

Ба номи нафақахӯрону ба кисаи мансабдор: "Расулова 333 ҳазор сомониро аз худ кардааст"

Манбаъ меафзояд, шаҳрванд "А" ба Шуъбаи минтақавии Агентии фасод дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати эксперти тиббӣ-судии Шуъбаи байниноҳиявии Турсунзода Убайдов Назирҷон Бобоқулович ва Ҳамраев Фируз Бобомуродович чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Боздошти корманди ВУД Тоҷикистон: 30 ҳазор доллар танҳо барои як парванда

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон аз ӯ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писари додараш шаҳрванд "Б", ки нисбаташ бо моддаи 139 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, маблағи 10.000 доллар талаб карда истодаанд.

Зимнан, гумонбаронро ҳинни гирифтани пора ба маблағи 7 000 доллари амрикоӣ дастгир намуданд.

Ҷаримаи калони собиқ муҳандис барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин дар Восеъ

Агентии фасод мегӯяд, нисбати Убайдов ва Ҳамраев бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст.

Моддаи 139 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ буда, маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати  аз 15 то 20 солро пешбинӣ мекунад.

Феълан тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад, мегӯяд манбаъ.