Ин фурӯшу додани қарз нест: ҳукумат ироаи кони "Якҷилва" ба Чинро шарҳ дод

Ҳукумати иҷроияи ВМКБ муҳокимарониҳо атрофи ироаи кони нуқраи “Якҷилва”-и Мурғоб ба Чинро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки ин ягон фурӯш ё додани боигарии табиӣ ба ивази қарз нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Мақомоти ВМКБ оғози кор дар кони нуқраи “Якҷилва”-ро раванди маъмулии ҷалби сармояи хориҷӣ унвон карда, изҳор доштаст, ки ин кон ҳанӯз соли 2016 ба ширкати "Минералз" дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки кони “Якҷилва” соли 2018 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, соли 2018 дар ин корхона 200 нафар аз ҷумла 101 нафар сокинони маҳаллӣ кору фаъолият доштанд.

“Ин ҷо гап дар бораи фурӯш ё ба каси дигар додани бойигарии табиӣ ва пардохти ягон намуди қарз набуда, раванди маъмулии ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳукумати ВМКБ таъкид намудааст, ки дар қаламрави вилоят зиёда аз 120 зуҳуроти нуқра ва тилло ҳастанд ва имрӯз мақомоти вилоят дар ҷустуҷӯи сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои ба кор андохтани онҳо мебошад.

Парлумони Тоҷикистон кони "Якҷилва" - и Мурғобро ба Чин "дод"

“Ягона роҳи рушди иқтисодии ВМКБ ин тараққӣ додани саноати кӯҳи дар вилоят мебошад. Мутаассифона чун дар дигар кишварҳо сармояи ватанӣ барои ба кор андохтани ин зуҳуротҳо кофӣ нест ва бояд сармояи хориҷӣ ба ин фаъолият ҳарчи бештар ҷалб карда шавад”, - илова намудааст манбаъ.

Дар идома зикр шудааст, ки имрӯз дар қаламрави мамлакат зиёда аз 20 адад зуҳурот ба хусус дар шимоли мамлакат бо иштироки ширкатҳои чинӣ ба коркарди тилло, нуқра ва ангишт машғул буда, садҳо миллион доллар чун андоз ба буҷа ворид мегардаду сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Манбаъ илова намуд, ки кони Якҷилва ба мӯҳлати 20 сол барои истифода ба шарикони чинӣ дода шудааст ва дар сурати розигии дутарафа шартнома боз идома хоҳад ёфт.

Ба иттилои мақомоти ВМКБ, дар нақша аст, ки солҳои наздик боз якчанд зуҳуроти нав барои сармоягузорон пешкаш карда мешаванд ва бо ин усул худмаблағгузории вилоят дар оянда ҳалли худро хоҳад ёфт.

Имзои созишномаи Ҳукумат бо ширкати чинӣ барои коркарди нуқра дар Мурғоб

“Пӯшида нест, ҳастанд зуҳуротҳое, ки аҳамияти стратегӣ доранд ва Ҳукумат то лаҳзаи охирин онҳоро нигоҳ медорад, вале чун кони Якҷилва, ки ҳамагӣ 415 тонна нуқра дорад ва дар баландии 4500 метр ҷойгир буда на барқ, на об ва на роҳ дорад. Ба ин монанд имкониятҳо дар вилоят зиёд ҳастанд ва хуб мешуд агар ягон сармоягузори дохилӣ ё хориҷӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекард”, - таъкид намудаст мақомоти иҷроияи ВМКБ.

Ин ниҳод афзудааст, ки ба хотири таъмини ҳадафи чоруми миллӣ - саноаткунонии мамлакат, Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки баровардани ашёи хом аз қаламрави Тоҷикистон манъ карда шавад.

“Ширкатҳои хориҷӣ бояд корхонаро дар дохили мамлакат созанд ва маҳсулоти тайёрро аз ҷумҳурӣ берун бароранд. Ин имкон медиҳад, ки боз шаҳрвандони зиёд соҳиби ҷойи кор гарданд”, - таъкид шудааст дар иттилоия.

Созишнома бо Чин дар мавриди кони “Якҷилва”-и Мурғоб 1 октябри соли равон ба тасвиб расида, фоидаи Тоҷикистон аз ин созишнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.