Ваъдаи Аҳмадзода ба сокинони ноҳияи Ашт: ба шикоятҳои шумо аҳамияти ҷидди дода мешавад

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бинои мақомоти иҷроияи ноҳияи Ашт шахсан даҳҳо сокинони ноҳияро қабул карду аз мушкилоти мухталифи онҳо хабардор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд дар ҷараёни қабули шаҳрвандон як қатор сокинони ноҳия бо масъалаҳои мухталиф ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят муроҷиат намуданд.

Мардуми Истаравшан ба раиси Суғд аз чӣ шикоят карданд

Тавре манбаъ хабар додааст, Абдувалӣ Маюнусов, Манучеҳр Парпиев ва Шоҳиддин Ортиқов – сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Давронҷон Қаҳҳоров – сокини Ҷамоати деҳоти Ошоба, Неъматҷон Рӯзиматов – сокини Ҷамоати деҳоти Ориён роҷеъ ба масъалаҳои баҳси замин, барқарор намудани саломатӣ, бунёди варзишгоҳ ва боғи истироҳатию фароғатӣ муроҷиат карданд.

“Раиси вилоят роҳбарияти ноҳияро вазифадор намуд, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани муаммоҳои ҷойдошта эътибори зарурӣ зоҳир намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хотиррасон шудааст, ки дар ҳашт моҳи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 101 муроҷиати сокинони ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 5 адад такрорӣ мебошад.

Мардуми Рашт ба Рамазон Раҳимзода аз чӣ шикоят карданд

Мардуми Суғд ба Раҷаббой Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд

Ёдрас мешавем, ки пештар аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Айнӣ ва Панҷакент баргузор шуда буд.

Мардуми водии Зарафшон ба Аҳмадзода аз чӣ шикоят карданд?

Тавре манбаъ қайд намудааст, барои баррасӣ ва ҳалли муаммоҳои дар маҳалҳо ҷойдошта корҳои муайян анҷом дода шудааст.