Баргузории мусобиқаи Ҷоми президент оид ба дзюдо дар Хуҷанд: ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ

Дар шаҳри Хуҷанд 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Рӯзи 2 октябри соли равон, соати 16-00 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ маросими ифтитоҳи 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури  Тоҷикистон баргузор мегардад.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи байналмилалӣ бо ташаббуси​ Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар ҳамкорӣ бо Мақомоти вилояти Суғд аз рӯи ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад.

Масъулини вилояти Суғд қайд намуданд, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 250 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия иштирок хоҳанд кард.

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ (ҷои якум), 5000 сомонӣ (ҷои дуюм)​ ва 2500 сомонӣ (барои ду ҷои сеюм)​ тақдим карда мешавад.