Суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV ва сохту сози Маркази исмоилия дар шаҳри Хоруғ - видео

Нашриёти The.ismaili, рӯзи 28 сентябр, навори суханронии Аълоҳазрат Оқохони IV дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони Маркази исмоилияи Хоруғ ва сохту сози марказро нашр кардааст
Sputnik

Навор аз суханронии Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV дар бораи ба "нигини Бадахшон табдил додани шаҳри Хоруғ" оғоз шуда, дар бораи сохтмони ин маркахз маълумот медиҳад.

Гуфта мешавад, ки тарзи меъмории ин марказ шабеҳи хонаҳои маҳаллӣ (помирӣ) буда, аз сутунҳои бузург ва равзана иборат аст.

Чуноне гуфта мешавад, ин навъи сохтмон ба он хотир интихоб шудааст, ки мардум зимни боздид аз марказ худро дар манзили худӣ эҳсос кунанд.

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон

Марказ дар Хоруғ баъди Душанбе дувумин Маркази исмоилия дар Тоҷикистон ва ҳафтумин дар ҷаҳон мебошад, ки бар асоси тарҳҳои Бунёди Оқохон сохта шудаанд.

Пештар чунин марказҳо дар Бритониё, Канада, Португалия, Амороти Мутаҳидаи Араб бунёд шуда буданд.

Маркази исмоилияи Душанбе, ки соли 2009 сохта шуд, суннатҳои меъмории Осиёи Марказиро таҷассум мекунад ва тарроҳи ғайримуқаррарии он аз рӯйи тарроҳи мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро гирифта шудааст.

Мазҳаби исмоилия дар ҷаҳон беш аз 20 миллион пайрав дорад, ки асосан дар Ҳинду Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса ба сар мебаранд.

Ҷамоати исмоилии Тоҷикистон, ки умдатан дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, яке аз бузургтарин ҷамоатҳои ин тариқат дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор пайрави исмоилия зиндагӣ мекунанд.