ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, рӯзи 28 сентябр дар Маҷмааи варзишии Вазорати мазкур, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи минифутбол барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019” баргузор гардид.
Дара маросими ҷоизасупорӣ, нахуст Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро хайримақдам гуфт.
Манбаъ афзуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ривоҷу равнақ додани варзиш ва тавсеаи дӯстиву ҳамкорӣ миёни корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон буда, идомаи чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Мусобиқаи мазкур 17 сентябр миёни дастаҳои Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар ҷамъбаст дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷалолов, ки муштзани амрикоиро аз пой афтонд, ба аёдаташ рафт - видео
Игор Лякин – Фролов, сафири Тоҷикистон дар Русия, дар суханронии худ барои доир намудани чунин чорабинии варзишӣ аз номи намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон изҳори сипос намуд.