Дар шаҳри Ваҳдат навраси 17 - сола ба рабудани автомашина гумонбар дониста мешавад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти навраси 17 - сола хабар медиҳад, ки дар рабудани воситаи нақлиёт гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия навраси 17 - сола сокини деҳаи Байнали шаҳри Ваҳдатро бо гумони ғайриқонунӣ рабудани мошин дастгир намуданд.

Боздошти писараки 15-сола ба иттиҳоми рабудани мошин дар Ҳисор

Манбаъ меафзояд, ки ба шӯъбаи ВУД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  марди 26 - сола, сокини деҳаи Нурофари ҳамин шаҳр мероҷиат намудаст, ки санаи 25 - уми сентябр аз назди ҳавлии истиқоматияш, афроди ношинос автомашинаи шахсии ӯро рабудааст.

Зимнан, аснои баргузор намудани корҳои ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17 - сола бо гумони ғорати воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.

"Тайота-Раф 4"- ро ноболиғ аз нуқтаи шустушӯйи мошинҳо рабудаст

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки наврас бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматии ҳамшаҳрияш автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-ро ғайриқонунӣ ҳай карда рабудаст.

Феълан кормандони милитсия аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот бурда истодаанд.