Қадбаланд, даванда, забондон зери камера: қабул ба кор дар гумрук баъди интиқоди Раҳмон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар пайи интиқоди шадиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати кадрӣ, ки афроди бекасу бечора ба ин ниҳод роҳ намеёбанд, озмуни калон эълон кард. Озмун, ки довталабонаш зиёданд, зери назорати дастгоҳи раисиҷумҳур ва дурбинҳо баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Хадамоти гумрук ба хоҳишмандони кор дар ин ниҳод 43 ҷои холӣ дар навоҳии гуногун бо маоши вазифавии аз 626 то 771 сомонӣ пешниҳод карда, талабот гузоштааст, ки довталабон бояд забондон, даванда, қадбаланд ва дорои малакаи кор бо компютер бошанд.

Тавре аз Хадамоти мазкур ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, довталабон бояд шаҳрвандони аз 20 то 35-сола, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дорои маълумоти олӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияти умури гумрукӣ ва ҳуқуқшиносӣ бошанд.

Қад, вазн ва суръати давидани кормандон чанд бошад?

Манбаъ тавзеҳ дод, ки занони довталаби кор дар гумрук бояд қади на пасттар аз 168 сантиметр, вазни на кам аз 50 кило дошта бошанду 100 метрро дар муддати то 18,6 сония даванд ва на кам аз 7 “отжимания” кунанд.

Раҳмон ба сарнозири Хадамоти гумрук медал дод

Барои мардони хоҳишманди кор дар гумрук қад на кам аз 170 сантиметр ва вазн на кам аз 60 кило муқаррар шудааст.

“Мардон бояд 100 метрро дар муҳлати то 15,5 сония даванд, агар ин нишондод аз 14 сония поин бошад, баҳо аъло хоҳад буд. Инчунин мардон ҳатман бояд дар навори уфуқӣ, ё худ турник худро ҳадди ақал 5 бор боло кунанд. Теъдоди аз 10 боло барои то 30-солаҳо ва аз 8 боло барои аз 30 то 35-солаҳо сазовори баҳои аъло хоҳад буд”, - таъкид кардаанд дар Хадамоти гумрук.

Ба 1 ҷой то 30 довталаб

Дар ҳоле, ки маоши вазифавӣ дар эълон аз 626 то 771 сомонӣ нишон дода шудааст, масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, хоҳишмандони кор дар ин ниҳод хеле зиёданд ва довталабони як ҷои холӣ то ба 20-30 нафар мерасад. 

Хешҳоям ҳастанд: эътирофу шарҳи Каримзода дар бораи кори ҳамшаҳрию хешонаш дар гумрук

Боймурод Шарипов, сардори шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, довталабон аз 21 сентябр, санаи нашри эълони озмун, имкон доранд, давоми 21 рӯз санадҳояшонро пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, ки феълан ҳуҷҷатсупорӣ ҷараён дорад ва ба ҳисоби миёна барои як ҷои кор дар гумрук 13 нафар ва бештар ҳуҷҷат месупоранд. Шарипов таъкид намуд, ки довталабон бояд аснодашонро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро 50/1, бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон ба шаффофият ва мунсифона будани ин озмунҳо изҳори нобоварӣ карда, бар инанд, ки бидуни ба истиллоҳ “шиносу тағо” роҳ ёфтан ба Хадамоти гумрук амри муҳол аст.   

Президент: ба вазоратҳои маорифу иқтисод намераванд, дар гумруку андоз навбат

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ахиран дар ҳузури роҳбарияти Хадамоти гумрук гуфт, дар ҳоле ки барои роҳбарии шаҳру навоҳӣ кадр намеёбад, барои кор дар мақомоти гумруку андоз навбат меистанд ва таъкид намуд, ки миёни мақомдорони ин сохтор ягон бекасу бечора нест.

"Ҳамаатон, ягонтаатон бекас нестед. Ҳозир бигӯям, Вазорати маориф ба кор намераванд, Вазорати иқтисод кор  намераванд, раиси шаҳру ноҳия таъин мекунем, кадр нест. Дар гумруку андоз, навбат", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони низоми гумрук, молия ва андоз.

Зери назари камераҳо ва дастгоҳи иҷроияи Президент

Аммо Боймурод Шарипов, мақомдори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид намуд, озмуне, ки эълонаш нашр шудааст, зери назари масъулини Дастгоҳи раисиҷумҳур ва дурбинҳои назоратӣ баргузор хоҳад шуд.

“Аз аввал то охир камера сабт мекунад. Ҳар касе норозӣ бошад, метавонад шикоят кунад, ба вай тамоми ҷараёнро нишон медиҳанд. Роҳбарон ҳам назорат мекунанд. Дар баробари масъулини Хадамоти гумрук, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент низ ҷараёни озмунро назорат хоҳанд кард”, - таъкид намуд Шарипов.

Ба суол, ки чаро бо маоши 700 сомонӣ хоҳишмандони кор дар гумрук хеле зиёданд, изҳор дошт, ки ин маоши ҳадди ақал аст ва кормандон боз премия - подошпулию пардохтҳои иловагӣ мегиранд.

“Чаро талабот зиёд аст? Чун ҷои кор ҳаст, меоянд, маҳораташонро месанҷанд”,  - афзуд Шарипов.

Бархе аз ҷавонони хоҳишманди кор дар гумрук, ки нахостанд номашон зикр шавад, иқрор карданд, ки 700 сомонӣ барои рӯзгузаронӣ хеле кам аст, аммо ба хотири оянда ва пайдо кардани мақомҳои баландтар омодаанд, таҳаммул кунанд.

Роҳҳал: маоши шоиста барои афроди шоиста

Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос ва таҳлилгари тоҷик мегӯяд, чашми бисёре аз довталабонро ба ниҳодҳое чун гумрук, имконоти сӯиистифода аз салоҳият ва ба ҳамин восита таъмин кардани ҳаёти худ гарм кардааст.

“Схема”-и пулкоркунӣ ва роҳи баста барои бекасҳо ба гумрук: саркардаҳо маълум шуданд-видео

"Бисёре аз кормандони сохторҳои давлатие, ки  имконияти иҷозатномадиҳию ҷаримабандӣ ва дигар салоҳиятҳои вижа доранд, бо музди меҳнат қонеъ намешаванд. Онҳо дигар фурсатҳоеро доранд, ки дар заминаи фасодкорӣ зиндагии худро таъмин мекунанд. Бинобар ин новобаста аз маоши паст довталбони кор дар чунин ниҳодҳо хеле зиёд аст", - изҳор дошт Ҳакимов.

Ӯ барои он, ки кормандони гумрук на ба кисаи худ, балки барои ғанӣ гардондани буҷаи давлат кор кунанд, зарур донист, ки ба ин ниҳод афроди дорои донишу малакаи мукаммал ҷалб гарданду барояшон кафолати иҷтимоӣ ва музди маоши шоиста таъмин карда шавад.  

“Назорати парлумонӣ ва мардумӣ дар маҷмуъ метавонанд боиси беҳтар шудани самаранокии  фаъолияти мақомоти гумрук, ҳамчун яке аз омилҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ ва кам шудани амалҳои коррупсионӣ гардад”, - муҳим хонд Ҳакимов.

Ин пешниҳод дар ҳолест, ки ахиран Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни суҳбат аз мошину бӯстонсароҳои мансабдорони гумрук гуфт, наметавонад ҳар кормандро пайгирӣ кунад ва аз шаҳрвандон хост, дар муайянсозии соҳибони бӯстонсарою амволи гаронарзиш бо мақомот ҳамкорӣ кунанд. Инчунин ахиран довталабони кор дар мақомоти гумрук муваззаф шуданд, ки қабл аз оғози кор эъломияи дороияшонро пешниҳод кунанд ва ҳадафи ин иқдом мубориза бо фасодкорӣ арзёбӣ шуд.