Духтаре ба шумораи телефони бародари фавтидааш паёмак равон карду ҷавоб гирифт

Духтаре дар давоми ним сол ба шумораи телефони бародари фавтидааш паёмак мефиристод, то садояшро бишнавад, аммо рӯзе ба тааҷҷуб афтод, чун аз ин шумора паёмаки ҷавобӣ гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Духтаре пас аз марги бародараш дар давоми ним сол ҳар шаб ба шумораи телефони ӯ паёмак равон мекард, иттилоъ додааст сомонаи Reddit.

Ин духтар дар паёмаки ахираш навиштааст, ки бисёр пазмон шудааст ва умедвор аст касе дарди дили ӯро шунавад, аммо ӯ тасаввур намекард, ки ба ӯ касе ҷавоб менависад.

Бонувони тоҷикро бо паёмак миллипӯш мекунанд

Вале рӯзе ӯ тааҷҷуб кард, чун ба телефонаш аз шумораи бародараш паёмаке расид.

“Ман таассуф мехурам, ки шумо аз касе пазмон шудед, аммо мутаасифона шумо иштибоҳ кардед”, - омадааст дар паёмаки ҷавобӣ.

Духтар бо маазарат хоста навиштааст, ки шубҳаҳои ӯ тасдиқ ёфт, чун бародараш дар моҳи март даргузашт ва шумораи телефони ӯ ба касе дигар дода шудааст.    

Дар ҳамин ҳол, соҳиби шумораи телефони бародари духтар, дар паёмаки ҷавобӣ навишт, ки барои ӯ мушкиле надорад. Вай метавонад суҳбаташро бо ӯ идома диҳад. Номбурда навиштааст, ки дарди дили ӯро мефаҳмад, чун саломатии духтари аммаш чандон хуб набуда ва дами марг қарор дорад. Ӯ  дарди ин духтарро хуб дарк кардааст.

Духтар дар паёмаки ҷавобӣ аз ӯ изҳори сипос намуда зикр кардааст, ки метарисид аз он рӯзе, ки шумораи бародараш ба касе дигар дода шавад, чун ӯ дигар наметавонист фикру андешаҳои худро ба касе дигар навсиад.