Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон 2 октябр бо тими Молдив, 4 октябр бо дастаи Лубнон ва 6 октябр бо тими миллии Сурия рақобат хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони  то  19-сола дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби  Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат хоҳад кард.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2  то 6  октябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

“Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон   бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2  октябр бо Молдив, 4  октябр бо Лубнон ва 6  октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шурӯъ мешаванд”, - қайд намудааст ФФТ.

Дар марҳилаи интихобии Чемпионати  Осиё-2020 миёни ҷавонони то  19- сола  46 даста ширкат меварзанд, ки тибқи қуръакашӣ, ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳ чӣ хел истиқбол гирифтанд ? - акс

Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор

Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.

Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.