ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ҳаводорони бошгоҳи "Лион" бозигари номии тими "Пари Сен Жермен" Неймарро шишашапак карданд.
Ин ҳодиса дар бозии навбатии Қаҳрамонии Фаронса рух дод. Порисиҳо ин бозиро бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи худ анҷом доданд.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод
Бозигари бразилиягӣ бояд аз кунҷ тубро ҳаво медод. Дар ҳамин ҳангом ҳаводорони бошгоҳи "Лион" ба сӯяш шишаҳои нӯшокиҳо ва дигар ашёҳои нодаркорро ҳаво дода ӯро таҳқир карданд.
Футболбоз танҳо замоне тавонист ба бозӣ оғоз кунад, ки дастандаркорон ба ҳимояти ӯ бархостанд.
Неймар мухлисро мушт зад: пас аз шикаст аз тими "Ренн"-видео
Муносибати ҳаводорони фаронсавӣ бо Неймар замоне бад шуд, ки ӯ пас аз бозгаштан ба бошгоҳи "Барселон" ё пайвастан ба "Реал Мадрид", эълон карда буд, вале ахиран дар бошгоҳи "ПСЖ" боқӣ монд.