Барои фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба Қатар гурӯҳи корӣ ташкил мешавад

Ин масъаларо сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии ин кишвар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Рӯзи 22 сентябри 2019 дар Давҳа вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии ин кишвар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру баргузор гардидааст.

Тоҷикистон ба Қатар нерӯи корӣ мефиристад

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишнома имзо шуд: кӣ, кай ва чигуна муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар мефиристад?

Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Давҳа ба имзо расидааст,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сумангул Тағойзода 5 бартарии ирсоли муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар гуфт

"Дар ин замина ҷонибҳо атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имконияти танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд", - омадааст дар хабарнома.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба танзими қуваи корӣ 3 февари соли равон зимни сафраи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Вазорати меҳнат дар бораи оғози муҳоҷирати корӣ ба Қатару Кореяи Ҷанубӣ тавзеҳ дод