Чангу шамол: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар шаҳри Душанбе, ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

БОҶ барои кӯдакони ВМКБ ғизои солим омода мекунад

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона +10 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Фармоиши Ҳукумат: 6 гулгаштро дар хиёбони Қарабоев кӣ месозад?

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва ғуборолуд мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.