Даҳшат: духтарчаро барои таҷовуз кардан то мурдан куфтанд

Духтарча ду рӯз беному нишон буд. Субҳи имрӯз бибияш ба мақомот муроҷиат кардааст. Ҷасади духтарак дар хонаи вайронае ёфт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар вилояти Чӯйи Қирғизистон гумонбар дар куштори духтарчаи 14-сола боздошт шудааст. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба Вазорати умури дохилӣ хахабар медиҳад.

Рӯзи 22 сентябр соати 6:00 зани 57-сола ба мақомоти пулис муроҷат кардааст. Ӯ барои ёфтани наберааш, ки рӯзи 20 сентябр аз хона баромада бедарак шудааст, кумак пурсидааст.

Ҳабси абади Искандаров барои таҷовуз ба номуси нафари наздикаш

Дар паи амалиёти вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, ҷасади духтарчаи 14-соларо дар яке аз манзилҳои вайрона ёфтаанд. Дар бадани ӯ нишонаҳои зиёди ҷароҳати маҷбурӣ ҳувайдо будааст.

Дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ, марди 20-сола, ки пештар суд шудаасту сокини ноҳияи Кемини вилояти Чуй аст, ҳамчун гумонбар дар куштори духтарчаи ноболиғ боздошт шудааст. 

Тибқи маълумоти пешакии мақомот, қазия рӯзи 20 сентябр тақрибан соати 21:30 рух додааст.

Марди 20-сола дар яке аз кӯчаҳо, духтарчаи ноболиғро вохӯрда ба зӯрӣ ба манзили вайрона овардааст, то бо ӯ рафтори беҷо анҷом диҳад. 

Духтарча муқобилият нишон додааст ва гумонбар ӯро то мурдан куфтааст.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту тафтишот идома дорад.