ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи Гран При ду ҷудокор дар вазни 73 кило намояндагӣ мекунанд, яке аз идомаи сабқат маҳрум ва дигаре ба даври сеюм роҳ ёфт.
Бар хабари сомонаи Варзиш, Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус оғоз кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибашро мағлуб ва ба даври сеюм роҳ ёфт.
Дар Гран Прии Тошканд 12 варзишгари тоҷик иштирок мекунанд
Акнун Хоҷазода дар пайти сеюм бо Эрик Ҳеми бритонӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Манбаъ қайд мекунад, ки Сомон низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудочии мизбон Тураев Ҳикматуллоҳ шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.
Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо
Мусобиқаи Гран При дар шаҳри Тошканд то 22 - юми сентябр давом меёбад, ва Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи охир Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, Шарифҷон бо Муҳаммадкарим Хуррамов (Узбакистон), Саидҷалол бо Томас Брикено (Чили), Шакармамад бо Руслан Шаҳбозов (Русия) ва Темур бо Ричард Сипоз (Маҷористон) аз даври аввал мусобиқаро оғоз менамоянд.
Варзишгарон дар баробари медал, соҳиби холҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.