ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Сатторов зимни мулоқот гуфт, сафорат тамоми асноди зарурӣ барои мурофиаи додгоҳии муттаҳам дар қатли Ҳувайдои ғӯрамаргро саривақт ироа мекунад. Ӯ омодагии сафоратро барои дастгирии ҳамаҷониба, аз ҷумла дастгирии молиявӣ баён дошт.
Ҳангоми мулоқот ба Саидов бархе маслиҳатҳои ҳуқуқӣ низ дода шудаанд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки сафорат дар баробари муроҷиатҳояш ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқи мунсифонаи қатли Ҳувайдо, инчунин ба Думаи давлатии Русия мактуб ирсол намудааст, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зикр шудаанд.
Думаи давлатии Русия ба сафорати Тоҷикистон посух додааст, ки вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои зикркардаашон ба Додситонии кулли кишвар мактуби дахлдор фиристода шуд.
Сафорат таъкид намудааст, ки тамоми масоили марбут ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро зери назорат дораду барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба намояндагиҳо дар Русия дастур дода буд, ки таҳқиқи қазияи Ҳувайдо, духтарчаи 5-солаи тоҷикро, ки дар шаҳри Серпухов кушта шуд, зери назорат гиранд.
Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд. Феълан қазия дар ҳоли баррасӣ дар додгоҳ мебошад.