Файзов аз намоишгоҳи шаҳри Хоруғ дидан намуда, роҳи коҳиш додани бекорӣ дар вилоятро гуфт

Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ намоиши дастовардҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватанӣ баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар намоишгоҳ меъморону муҳандисон, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ширкат мекунанд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Дар Хоруғ намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир мегардад
Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур  аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳунармандони инфиродӣ, намояндагони корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, коргоҳҳои кандакорию кулолгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва амсоли инҳо ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов намоишгоҳро тамошо карда, зимни суҳбат бо иштирокчиёни он изҳор намуд, ки бе рушди соҳаи саноат коҳиш додани яке аз масъалаҳои муҳими рӯз, яъне бекорӣ амри маҳол аст.

Мудири иҷроияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба Ёдгор Файзов гузориш дод

Ин ҳамоиш ва намоиши масолеҳи сохтмонии ватанӣ ду рӯз давом мекунад. Ҳадафи он рушди мнбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамалакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.